Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази тиҷоратӣ дар Найробӣ


Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Найробӣ, пойтахти кишвари африқоии Кения, 22 кушта бар ҷой гузоштааст. Дар ин бора ба хабаргузориҳо Кумитаи Салиби Сурхи Кения иттилоъ дод. Масъулини давлат бим доранд, ки теъдоди кушташудагон афзоиш меёбад. Дар ин ҳодиса нӯҳ нафар маҷрӯҳ шудааст, ба даҳҳо нафари дигар хатари дар бино гаравгон мондан таҳдид мекунад.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки рӯзи шанбе афроди ношиноси ниқобпӯш аввал ба бинои маркази тиҷоратӣ чанд норинҷак андохта ба он ҷо ворид шуданд ва чанд нафарро гаравгон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG