Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андози нахи пахта 10 ва алюминий 3 дар сад муаян шуд


Дар иттилоияи ин ниҳод, ки дар сомонааш нашр шудааст, омадааст, ки аз нахи пахта - 10 ва барои алюминийи аввалия - 3 дарсад андоз ситонида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 барои нахи пахта 23 ва алюминийи аввали 4 дарсад муқаррар шуда буд.

Нахи пахта ва алюминий маҳсулоти стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, то соли 2013 ҳудуди 80 дарсади воридоти арзии кишвар аз фурӯши ин ду навъи маҳсулот ба даст меомад. Аммо ҳоло саҳми нахи пахта ва алюминийи аввалия дар воридоти арзӣ аз ҳисоби меваи хушк ба 60 дарсад поён омадааст.

Супорандагони андоз аз фурӯш шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки нахи пахта ва алюминийи аввалияи дар Тоҷикистон истеҳсолшударо ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳвил медиҳанд, мустақилона коркард менамоянд ё барои коркард ва дигар ҳадафҳо медиҳанд.

Пахтаи Тоҷикистонро асосан ширкатҳои дохилӣ ба хориҷ мебароранд ва тибқи дастури нави Кумитаи андоз, онҳое, ки пахтаро мефурӯшанд ва ба хориҷ мебаранд, аз рӯи нархи ҳамонрӯзаи он дар Биржаи Ливерпул муайян карда мешавад.

Алюминийи Тоҷикистонро ду ширкати хориҷӣ – Glencore – и Шветсария ва Norsk Aluminium – и Норвегия тариқи низоми толлингӣ соҳиб мешаванд. Онҳо барои коркарди алюминий аз сӯи «Талко» - и Тоҷикистон танҳо 600 доллар сари ҳар тон пардохт мекунанд.

Поён омадани андози мустақим барои нахи пахта ва алюминийи аввалия дар ҳолест, ки қимати ин ду мавод дар бозори ҷаҳонӣ тайи ду соли ахири хеле поён омадааст.
XS
SM
MD
LG