Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қундуз раиси комиссиюни интихоботии вилоят кушта шуд


Дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, раиси комиссиюни мустақили интихоботӣ Амонулло Амон кушта шуд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ду нафари савори мотосикл сӯи ӯ оташ кушоданд. Мансабдор маҷрӯҳ шуд ва дар бемористон аз олам даргузашт.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Дар вилояти Қундуз толибон фаъоланд ва аз мардуми маҳаллӣ даъват мекунанд, ки аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда сарпечӣ намоянд.

Аввалҳои ин ҳафта дар Афғонистон қабули аснод аз довталабони мақоми раисиҷумҳур шурӯъ шуд. Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли 2014 баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG