Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Бишкек нишасти сарони СҲШ баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад. Ба иттилои расмӣ, дар ин нишаст масоили марбут ба таъмини амнияти минтақа баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014, ҳамчунин масоили марбут ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, кочоқи маводи мухадир ва ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узв баррасӣ мешавад.

Дар арафаи нишаст баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинии ӯ Си Ҷинпинг дар Бишкек қарордоде имзо шуд, ки ба пояи он як шохаи лӯлаи гази Туркманистону Чин аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт. Бар асоси тарҳ, қитъае лӯлае, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Бино ба ҳамин иттилоъ, барои татбиқи ин тарҳ Чин ба Тоҷикистон 3 миллиард доллар сармоя ироа мекунад.

Ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой Русияву Чин, Тоҷикистону Қазоқистон ва Узбакистону Қирғизистон шомиланд. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG