Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Синой чаҳор сарбози мисрӣ ба ҳалокат расиданд


Дар Миср, дар нимҷазираи Синой, бар асари ду ҳамла дасти кам чаҳор сарбоз кушта ва беш аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои мақомоти амниятӣ, дар шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар марзи навори Ғаза, аввал ситоди хадамоти кашф мавриди оташи хумпора қарор гирифт, сипас дар канори як постгоҳи артиш мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуд.

Дар нимҷазираи Синой аз рӯи шанбе ба ин сӯ амалиёти густурдаи артиш алайҳи мусаллаҳони ифротгаро идома дорад. Рӯзи сешанбе мақомоти нзомии Миср аз кушта шудани нӯҳ ҷангҷӯ хабар доданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Синой баъди аз сӯи низомиён аз мақом барканор кардани раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ фаъол шуданд.
XS
SM
MD
LG