Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Араб хостори иқдом алайҳи Сурия шуд


Иттиҳодияи Кишварҳои Арабӣ бо қабули қатъномае аз ҷомеаи байналмилал хост, дар аксуламал ба истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи ҳукумати Сурия, алайҳи ин кишвар иқдом кунад. Дар ин қатънома, аз рӯзи якшанбе, режими Сурияро масъули қатли 1400 нафар хонда ва хостаанд, ”тамоми онҳоеро, ки дар ин ҳамла даст доштанд, дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима кунанд ва ҷазо бидиҳанд.” Айни замон дар Амрико баҳс дар миёни вакилони мардумӣ дар бораи иқдоми низомӣ алайҳи Сурия шиддат мегирад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз конгресси кишвараш хостааст, барои амалиёти низомӣ дар Сурия иҷоза бидиҳад. Қарор аст, ин дархост рӯзи 9 сентябр дар ҳарду палатаи конгресси Амрико баррасӣ шавад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе гуфт, собит шудааст, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо истифода аз гази зарин дар чанд маҳаллаи наздик ба Димишқ 1429 нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG