Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё иқдом алайҳи Сурияро баррасӣ мекунад


Дейвид Кемерон нахуствазири Бритониё ба хотири баррасии аксуламал ба истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия ҷаласаи порлумони кишварашро даъват кардааст. Қарор аст, ин масъала рӯзи панҷшанбе баррасӣ шавад. Пештар аз ин ҳукумати Бритониё гуфт, нерӯҳои мусаллаҳаш ба таҳияи тарҳи иқдоми низомӣ алайҳи Сурия пардохтаанд. Бино ба гузоришҳо дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе бо истифода аз гази кушанда садҳо нафар дар ҳошияи шаҳри Димишқ кушта шуданд. Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико, ба телевизиони Би Би Си гуфт, дар сурати амри раиси ҷумҳур Барак Обама, нерӯҳои кишвараш омодаанд, билофосила алайҳи Сурия иқдом кунанд. Волид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои давлатиро рад кард. Русия ҳушдор дод, ки истифодаи зӯр алайҳи Сурия паёмадҳои фалокатборе дар минтақа хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG