Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Авфи Байналмилал аз кори дафтари СММ


Созмони Авфи Байналмилал, дафтари Созмони Милал дар Косоворо интиқод кард, ки ба гуфтаи он натавонистааст, сарнавишти ғайринизомиёни бенишоншуда бахусус сербҳо дар замони ҷанги солҳои 90-ум бо Сербистонро таҳқиқ кунад. Дар гузориши тозаи Авфи Байналмилал, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, Сиан Ҷоунс, мутахассиси созмон дар умури Косово, гуфтааст, беамалии дафтари Созмони Милал “ба фазои масунияти фарогир дар Косово” мусоидат кардааст. Ба гуфтаи созмон, 150 нафар аз наздикони афроди бенишоншуда аз кори дафтари Созмони Милал дар Косово шикоят кардаанд, ки натавонистааст, сарнавишти хешони бенишоншудаи онҳоро рӯшан кунад. Ҳарчанд дар гузориш ба масъалаи рабудани сербҳои Косово аз тарафи ҷудоихоҳони албанӣ тамаркуз шудааст, аммо дар он ҳамчунин омадааст, ки Созмони Милал натавонистааст, сарнавишти албаниҳои рабудашуда аз тарафи нерӯҳои сербро ҳам маълум кунад.
XS
SM
MD
LG