Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фабиус: Порис шояд хостори вуруди нерӯҳо ба Сурия шавад


Лоран Фабиус
Лоран Фабиус
Дар сурати тайид шудани хабари куштори дастаҷамъӣ бар асари истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи Димишқ. Фаронса хостори вуруди нерӯҳои хориҷӣ ба Сурия хоҳад шуд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии BFM-TV хабар дод ва ҳамзамон гуфт, ки гап сари истифодаи нерӯҳои пиёдагард намеравад.

Аз ин пеш Шӯрои амнияти СММ дар нишасти фаврии худ ба зарурати рӯшан кардани иттилоъ дар бораи истифода шудан ё нашудани силоҳи кимиёвӣ дар Сурия таъкид кард. Мария Кристина Персевал, намояндаи доимии Аргентина дар СММ ба хабарнигорон гуфт, ки Шӯрои амният аз даъват барои тафтиши хабар дар бораи истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар канори Димишқ худдорӣ намуд. Ба иттилои Reuters, ба даъвати мустақим барои тафтиши ин ҳодиса Русия ва Чин, ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ, мухолифат кардаанд.
XS
SM
MD
LG