Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак шартан аз боздошт раҳо мешавад


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
Имрӯз додгоҳи Миср ҳукми раҳоии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср аз зиндонро содир мекунад. Додгоҳ аз моҳи апрел то ҳол аз рӯи се модда раҳоии шартии вайро эълон кардааст ва танҳо парвандаи ниҳоӣ боқӣ мондааст, ки вай раҳо шавад.

Ин парванда ба гирифтани ҳадяи ғайриқонунӣ аз вазири иттилоъот рабт дорад. Интизор меравад, ки вакилони мудофеи Муборак аз миён бардоштани ин моддаро собит кунанд, зеро Ҳуснӣ Муборак 600 000 доллареро, ки гирифта буд, баргардонидааст.

Як парвандаи дигар ба куштор иртибот дорад ва иддао мешавад, ки вай дар моҳи феврали соли 2011 дастури оташ кушодан ба сӯи тазоҳуркунандагонро содир кардааст ва дар он одамон кушта шудаанд. Вале моҳи май ин парванда боздошта шуд ва имкон пеш омад, ки вай метавонад шартан аз зиндон раҳо шавад, зеро Муборак мӯҳлати заруриро дар марҳилаи қабл аз додгоҳ дар боздоштгоҳ сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG