Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия: Нируҳои Асад гази заҳрогин истифода кардаанд


Бомборонҳои атрофи Димишқ
Бомборонҳои атрофи Димишқ
Фаъолони мухолифони Сурия мегӯянд, нируҳои ҳукумати Башор Асад ҳангоми бобмборон кардани манотиқи атрофи шаҳри Димишқ, ки дар контроли нируҳои мухолифон қарор дошт, аз “гази заҳрогин” истифода кардаанд ва даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯяд, ки ин кор субҳи рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин марказ, мушакҳое, ки пкартоб шудаанд, кулоҳакҳои гази заҳрогин доштаанд.

Ин хабарро манобеи мустақил то ҳол таъйид накардаанд ва ҳукумати Башор Асад дар ин бора тавзеҳот надодааст. Фаъолон хостаанд, ки коршиносони аслиҳаи СММ, ки рӯзи якшанбе вориди Сурия шудаанд, дар маҳал бозрасӣ анҷом диҳанд ва мушаххас кунанд, ки масъули ин бамгузориҳо кист.
XS
SM
MD
LG