Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди хатари селобҳо ба Шарқи Дури Русия


Селоб дар минтақаи Амур
Селоб дар минтақаи Амур
Мақомоти Русия мегӯянд, селобҳои шадид водор кардааст, ки дар минтақаҳои Амур, Хабаровск ва Минтақаи мухтори яҳудиҳо 19 ҳазор нафар сокинонро аз минтақаи хатар ба ҷойҳои дигар кӯч диҳанд. Дар шаҳри Хабаровск сатҳи об дар рӯдхонаи Амур дар ҳоли болоравист ва бориши борон ҳамоно идома дорад. Ин шаҳр 600 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Вазорати кишоварзии Русия мегӯяд, ки дар минтақаи Амур беш аз нисфи зироат талаф ёфтааст. Олег Кожемияко-волии минтақа рӯзи душанбе гуфт, ки 500 километр роҳ ва чандин пул хароб шудааст, дар ҳоле, ки 38 деҳаро селоб ба муҳосираи худ даровардааст ва роҳи заминӣ бо ин деҳот вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Амур, дар Хабаровск сатҳи об дар рӯдхонаи Амур тақриабан ба 8 метр хоҳад расид. Аз моҳи июл ба ин сӯ дар ин минтақа боронҳо идома дорад ва об аз соҳили рӯдхонаҳо ба маҳаллоти аҳолинишин сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG