Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Душанбе конфронси ҷаҳонии об оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ба кори худ оғоз мекунад. Конфронсро Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сухани муқаддимавӣ боз мекунад ва ширкаткунандагон ду рӯз масъалаҳои марбут ба захираи об дар ҷаҳону минтақа ва ҳамчунин роҳҳои рафъи мушкилотро баррасӣ мекунанд.

Созмондиҳандагони конфронс мегӯянд, дар кори он 1 100 нафар меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат мекунанд. Дар миёни онҳо нахуствазирони Қирғизистону Мозамбик ва 5 нафар муовинони Дабири Кулли СММ ҳастанд. 20 кишвар дар сатҳи вазирон ва Узбакистон дар сатҳи муовини вазири кишоварзӣ ва хоҷагии об дар конфронс ширкат меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG