Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қаршӣ падари мухолифи давлатро ба таҷовуз муттаҳам карданд


Ҳасан Чориев
Ҳасан Чориев
Додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон падари Баҳодур Чориев-яке аз мухолифон ва фаъоли ҳуқуқи башарро ба 4 ним соли зиндон маҳкум кардааст. Ду нафар аз кормандони додгоҳ ба бахши узбакии радиои Озодӣ шоми рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки Ҳасан Чориеви 71 сола ба номуси духтари 19 сола таҷовуз кардааст ва ҳукми додгоҳ 6 август содир шудааст.

Ин ду корманди додгоҳ, ки аз бурдани ном худдорӣ кардаанд, мегӯянд, ки додгоҳ тасмим гирифта буд, ки то 20 август ҳукми додгоҳи Ҳасан Чориев ошкор нашавад ва танҳо баъд аз анҷом гирифтани мурофиаи додгоҳи таҷдиди назар ин ҳукм бояд эълон шавад.

Баҳодур Чориев соли 2004 аз Узбакистон фирор карда буд ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад. Вай дар Узбакистон гурӯҳи Бирдамлик ё Ҳамдамиро созмон дода буд. Баъзе аз аъзои ин гурӯҳ дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG