Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Қоҳира бештар шуд


Ҳукумати муваққатии Миср дар пойтахти ин кишвар шаҳри Қоҳира ва 10 вилояти дигар вазъи фавқуллода ва қуюди шабгардӣ эълом кард. Пеш аз ин эълом, дар саркӯби тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар шаҳри Қоҳира дасти кам 149 нафар кушта шуданд. Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки мухолифи эълони вазъи фавқуллода дар Миср аст. Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, истифодаи зӯр алайҳи тазоҳургаронро “башиддат маҳкум” мекунад ва аз артиши Миср хост, “хештандорӣ нишон бидиҳад”. Муҳаммад ал-Бародаӣ, муовини раиси ҷумҳури муваққати Миср баъди ин таҳаввулот аз мақомаш истеъфо дод. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Миср, ҳангоми барчидани хаймаҳои тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва пароканда кардани онҳо дар Қоҳира ва муноқишаҳои дигар дасти кам 149 нафар кушта шуданд. Созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён аз 2 ҳазор нафар ҳам бештар аст.
XS
SM
MD
LG