Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон фардо ба Норак меравад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фардо, 13-уми август аз шаҳри Норак дидан намуда, бо вазъи НБО Норак ошно ва дар маросми ифтитоҳи як зеристгоҳи 220 килота ширкат хоҳанд кард. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи як барномаи сафари корӣ, субҳи сешанбе президент Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Норак, 50 километрии шарқи Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар рафти ин сафар президент Раҳмон бо вазъи нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно шуда ва дар маросими ифтитоҳи як зеристгоҳи 220 киловата ширкат хоҳад кард. Манбаъ афзуд, дар назар аст вай бо фаъолияти корхонаи оҳан дар Норак ошно шавад ва ҳамчунин таҳдоби сохтмони як мактаб барои 1200 хонандаро низ бигузорад.
XS
SM
MD
LG