Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Симурғ” ду ноҳияро аз дасти Толибон гирифт


Урдуи давлатии Афғонистон
Урдуи давлатии Афғонистон

Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, марҳилаи дуввуми амалиёти “Симурғ” дар ноҳияҳои Азраи вилояти Лугар ва ноҳияи Ҳисораки вилояти Нангарҳор ба поён расида ва ин ноҳияҳоро аз дасти Толибон гирифтаанд.

Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин амалиёт 200 тан аз афроди мусаллаҳ ва умдатан хориҷиён кушта шуданд: “Наздик ба 200 нафар аз душман асир ва кушта шуданд. 20 нафари онҳоро асир гирифтем. Ҳамчунин аз нерӯҳои Урдуи миллии Афғонистон 11 нафар шаҳид ва 6 нафар ҳам захмӣ шуданд. Бештар касоне ки бо мо меҷангиданд, хориҷиёне буданд, ки тавассути ҳалақоти истихборотӣ аз Покистон эъзом шуда буданд. Бештар касоне, ки ҷанг мекарданд, чечен, покистонӣ, араб ва узбак буданд ва аз кишварҳои дигар омада буданд. “

Гурӯҳи Толибон то кунун дар робита ба ин амалиёту омор чизе нагуфтааст.

Натиҷаҳои амалиёти "Симурғ" дар Нангарҳор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим


Вазорати дифоъи Афғонистон амалиёти мавсум ба “Симурғ”-ро нахустин амалиёти мустақили васеъмиқёси нерӯҳои афғон хондааст. Амалиёт дар ноҳияҳои Азра ва Ҳисорак баъди он роҳандозӣ шуд, ки мақомоти маҳаллӣ аз муҳосираи ин ноҳияҳо аз сӯи ҷангҷӯёни толиб хабар доданд. Генерал Зоҳир Азимӣ гуфт, марҳилаи саввуми амалиёти “Симурғ” дар минтақа ҳам оғоз шудааст ва дар ин марҳила тамаркуз рӯи поксозии минтақа аз ҳузури ҷангҷӯён ва ҳукуматдории хуб хоҳад буд: “Марҳилаи савум, ки марҳилаи таҳким ва тасфия аст, ки соҳа аз минаҳо ва баъзе унсурҳо поксозӣ шавад ва замина барои як ҳукуматдорӣ ва унсури инкишоф омода шавад. Ва дар ҳоли ҳозир воҳидҳои Урдӯи миллии Афғонистон ва нерӯҳои амниятӣ машғули тасфияву поксозии атрофи ноҳияҳои Азра ва Ҳисорак ҳастанд.”

Вазорати дифоъи Афғонистон амалиёти “Симурғ”-ро рӯзи 25 июл оғоз кард.


Зоҳир Азимӣ
Зоҳир Азимӣ
Генерал Азимӣ ин амалиётро муҳим хонда гуфт, манотиқе, ки таҳти контроли нерӯои афғон даромадаанд, аз аҳамияти стротегӣ бархурдоранд: “Соҳа як соҳае буд, ки барои душман як нуқтаи стротежик маҳсуб мешуд, чун онҳо метавонистанд, ба Кобул таҳдид кунанд, амнияти шоҳроҳҳоро ба ҳам бизананд ва ҳамчунин як роҳи бисёр муҳим ва пураҳамияти тадорукотӣ барои душман буд.”

Мақомоти вазорати дифоъи Афғонистон мегӯянд, ки тайи 5 моҳи гузашта мухолифини мусаллаҳи давлат дар вилоятҳои ҳамҷавори пойтахт, шаҳри Кобул ҳамалот ва нақшаҳои харобкориҳои зиёдеро тарҳрезӣ кардаанд, аммо ба гуфтаи онон, як бахши бузурги ин талошҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон хунсо шудааст. Азбаски нерӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд, ҳоло масъулияти раҳандозии амалиётҳо ва таъмини амният дар бисёре аз гӯшаҳои он кишвар дар ихтиёри нерӯҳои миллӣ гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG