Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вазъи минтақа ба натоиҷи интихоботи Афғонистон вобаста аст"


Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.

Вазири дифои Русия гуфтааст, ки вазъияти Афғонистон ва Осиёи Миёна, ба натоиҷи интихоботи соли 2014 дар Афғонистон вобаста аст.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия зимни як дидор аз Италия гуфтаааст, ки ҳоло ҳама бидуни истисно аз натоиҷи интихоботи соли оянда дар Афғонистон нигаронӣ доранд, зеро ҳоло ҳеҷ кас механизми ин интихоботро намедонад ва ҳам норӯшанӣ дар мавриди машруият ва шаффофияти интихобот вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон, ки ҳамсояи Афғонистонанд, аз вазъи ин кишвар баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилал дар соли 2014, нигаронанд.

Вазири дифои Русия рӯзи сешанбе дар мулоқот бо ҳамтои итолиёии худ ҳамчунон гуфтааст, ки кишварҳои Осиёи Миёна худро бо Русия шарик сохта ва мехоҳанд то амният дар минтақа тақвият ёбад.

Ин изҳороти мақоми русӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл, Ғайбулло Афзал, раиси яке аз калонтарин вилоятҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ниҳодҳои амниятӣ ва марзбонии ин минтақа хост, баъди соли 2014 барои ҳифзи марз бо Афғонистон омодагии бештар бигиранд.

Ғайбулло Афзал зимни сӯҳбат бо сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Фархор бо муроҷиат ба мақомоти интизомӣ гуфт, бо берун шудани нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистон Тоҷикистон бояд ҳифзи марзҳои худро пурзӯртар кунад. Оқои Афзал афзуд, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз кишвари ҳамсояро дар назар дошта бошанд ва талош кунанд, то марз бештар ҳифз шавад. Ӯ гуфт, амнияти дохили Тоҷикистонро низ дар ин соли ҳассос мадди назар бояд дошт.

Русия Осиёи Миёнаро минтақаи нуфузи худ медонад ва ба ин бовар аст, ки манбаъи аслии таҳдид ва хатарот ба Русия, аз марзҳои ҷанубии он, мебошанд. Русия ба ин назар аст, ки суботу амният дар Русия бидуни ҳузури пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Осиёи Марказӣ, таъмин нахоҳад буд ва ҳузури дарозумуддати низомии Русия дар ин марзҳо, яке аз девораҳои муҳими дар муқобили ин таҳдидҳо хоҳад буд.

Дар таърихи 4-уми октябри соли 2012 Душанбе ва Маскав созишномаи тамдиди пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд. Созишнома бо Қирғизистонро Путин ва Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 18 октябри ҳамон сол дар канори шаҳри Бишкек имзо карданд.
XS
SM
MD
LG