Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил фурудгоҳи Эйлотро баст


Исроил фурудгоҳи шаҳри Эйлотро баст. Парвозҳо дар ҳама хатсайрҳо лағв шудаанд. Намояндаи артиши Исроил хабар дод, ки тасмим дар бораи бастани фурудгоҳ бо иттилои дарёфта оиди эҳтимоли таҳдид ба амният марбут аст. Ҷузъиёти бештар дар ин бора алҳол зери даст нест.

Шаҳри фароғатии Эйлот дар ҷануби Исроил, дар соҳили баҳри Сурх ва дар наздикиҳои нимҷазираи Синои Миср ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ИМА низ бо далелҳои амниятӣ аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ кори даҳҳо сафоратҳои худ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқоро мутаваққиф кардааст. Дипломатҳои амриоӣ ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Вазорати умури хориҷаи Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки ин кишварҳо, аз ҷумла, Яманро фавран тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG