Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти нави Ҳинду Покистон ба якдигар


Давлати Покистон имрӯз нерӯҳои Ҳиндро ба он муттаҳам кард, ки як покистонии ғайринизомиро дар наздикии марзи вилояти Кашмир куштаанд. Мақомоти Покистон рӯзи панҷшанбе гуфтанд, сарбозони ҳиндӣ дар шаҳри Тата Пании Кашмири таҳти контроли Покистон як мардро башиддат маҷрӯҳ кардаанд. Аз ин пештар давлати Ҳинд бори нахустин бор ошкоро артиши Покистонро ба даст доштан дар ҳамлаи ғофилгирона ба 5 сарбози он кишвар муттаҳам кард. Аракапарамбил Куриен Энтони вазири дифоъи Ҳинд рӯзи панҷшанбе ба порлумони кишвараш гуфт, возеҳ аст, ки ҳамлаи рӯзи сешанбе ба гурӯҳи гаштзании сарбозон дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд кори дасти «нерӯҳои мутахассиси» Покистон аст. Куриен Энтони афзуд, ин ҳамла ба муносиботи ду кишвар латма хоҳад зад ва Ҳинд ҳам метавонад ба ин ҳамла посух диҳад. Покистону Ҳинд ҳарду вилояти Кашмирро аз они худ медонанд ва барои он ду бор ҷангидаанд. Исломобод мегӯяд, дар ҳамла ба сарбозони ҳиндӣ даст надоранд.
XS
SM
MD
LG