Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори "20-солагии истиқлол"-и Хоруғ


Бар асари оташсӯзӣ як қисмати бозори "20-солагии истиқлол" ба коми оташ рафтааст. Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, сӯхторнишонҳо тавонистаанд баъди тақрибан як соат сӯхторро хомӯш кунанд. Анвар Шоҳлангаров, раиси Хадамоти сӯхторнишонии Бадахшон ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз сабаби сӯхтор дар бозор ташхис нашудаст. Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев аз маҳалли оташсӯзӣ дидан карда ва бо тоҷирони осебдида мулоқот кардааст. Бозорнишинон гуфтаанд, ки онҳоро ду сол пеш иҷборан ба ин бозор кӯчонда буданд, дар ҳоле ки шароити ҳам бехатарӣ ва ҳам тиҷорат дар бозори кӯҳна барояшон беҳтар буд. Дар маҷмӯъ дар бозори "20-солагии истиқлол", ки соли 2011 ба муносибати 20 - умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, беш аз 1000 нафар машғули тиҷорат мебошанд.
XS
SM
MD
LG