Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Ишматов - довари бозии Афғонистону Покистон


Равшан Ишматов

Бозии тимҳои миллии Афғонистону Покистонро ҳакамони тоҷик доварӣ мекунанд.

Бо дархости Федеросиюни футболи Афғонистон кумитаи доварону нозирони Федеросиюни футболи Тоҷикистон гурӯҳи доварони бозии байналмилалии дӯстонаро миёни тимҳои миллии Афғонистону Покистон таъин кард.

Ба иттилоmи дафтари матбуоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон, довари FIFA Равшан Ишматови 41-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа ва Сайёд Зайниддинов аз Душанбе ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари FIFA Умедҷон Раҳимов аз Қӯрғонтеппа вогузор шудааст.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Афғонистону Покистон рӯзи сешанбеи 20-уми август дар шаҳри Кобул баргузор хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG