Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санади забони русиро акнун Маркази Русия медиҳад


Масъулияти додани сертификатҳои забони русӣ аз ин ба ба баъд ба Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе вогузор мешавад. Ин маркази нархи ин санадро барои муҳоҷирони корӣ 3000 рубли русӣ, муодили тақрибан 100 доллар, в а барои бақия 150 доллар муқаррар кардааст. Нахустин давраи имтиҳонот барои дарёфти санаде, ки донистани забони русиро таъйид мекунад, ба рӯзи 20 сентябр таъйин шудааст. Сертификати забони русӣ яке аз муҳимтарин аснод барои дарёфти шаҳрвандии Русия маҳсуб мешавад. Тайи 6 соли охир имтиҳони забони русиро Донишгоҳи славянӣ мегирифт, вале сафорати Русия дар моҳҳои охир дигар сертификатҳои додаи донишгоҳи славяниро напазируфт.
XS
SM
MD
LG