Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лякин-Фролов ба ҷои Попов сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд


Игор Лякин-Фролов
Игор Лякин-Фролов
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия Игор Лякин-Фроловро сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин кард. Дар ин бора фармони раиси ҷумҳури Русия дар торнамои вай ба чоп расидааст. Игор Лякин-Фролов то ҳол дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ намояндаи доимии Русия буд.

Бо фармони дигари худ раиси ҷумҳури Русия Юрий Поповро аз мақоми сафири Русия дар Тоҷикистон сабукдӯш кардааст. Вай аз 6 марти соли 2009 то ҳол ин мақомро бар уҳда дошт.

Таъйини сафири нав ва барканории сафири пешин дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзҳои 1 ва 2 август Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Маскав боздид ва бо Путин мулоқот анҷом дод.

Вале гуфта намешавад, ки барканории сафир ба ин боздид иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG