Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сновденро Русия аз фурудгоҳ ба ҷои амн интиқол дод


Амрико аз тасмими Русия , ки дар ихтиёри Эдвард Сновден-корманди қарордодии пешини хадамоти кашфи Амрико ҳақи паноҳандагӣ гузоштааст, изҳори таассуф кард. Варо дар Амрико барои ҷосусӣ муттаҳам медонанд.

Ҷей Корнӣ-сухангӯи Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки Вашингтон ин масъаларо дар мулоқоти сарони Амрикову Русия, ки қарор аст дар оғози моҳи сентябр дар Маскав баргузор шавад, баррасӣ хоҳад кард.

Рӯзи чаҳоршанбе Сновден ба Русия изҳои сипос кард, ки як сол ба вай паноҳандагӣ додаааст. Пештар Анатолий Кучерин-вакили мудофеъ, ки ба Сновден кӯмакҳои ҳуқуқӣ мекунад, ҳуҷҷатҳои Хадамоти федеролии муҳоҷиратро дар бораи ҳақи паноҳандагӣ супурд ва Сновден ҳақи берун рафтан аз ҳудуди транзитии фурудгоҳи Шереметеворо пайдо кард, яъне аз марзи Русия гузашт ва вориди қаламрави ин кишвар шуд.

Бино ба гуфтаи Кучерин Сновден ба ҷои амн рафтааст, вале дар бораи ин ҷои амн чизе нагуфт.
XS
SM
MD
LG