Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Афғонистон бо марихуана дар марз боздошт шуд


Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни амалиёте як шаҳрванди Афғонистон дар ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ин қочоқбари афғон талош доштааст бо бештар аз 15 кило марихуана ба умқи қаламрави Тоҷикистон роҳ ёбад.

Бар зидди ин шаҳрванди 32 солаи Афғонистон, ки аз вай нгом бурда намешавад, дар Тоҷикистон парвавндаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вайро барои убури ғайриқонунии марзи миёни ду кишвар ва қочоқи маводи мухаддир гунаҳгор медонанд. Агар дар додгоҳ гуноҳи вай исбот шавад, вай аз 12 то ба 20 соли ҳабс маҳкум хоҳад шуд.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар давоми ним соли гузашта 3743 кило маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки нсбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад бештар аст.
XS
SM
MD
LG