Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори назари сафири Русия дар бораи дидори Раҳмон ва Путин


Сафири Русия дар Тоҷикистон дидори як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскавро сафҳаи наве дар муносиботи миёни ду кишвари шарик унвон кард. Юрий Попов, сафири Русия рӯзи чоршанбеи 31 июл дар посух ба суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидори якбаяки вай бо Владимир Путин умеди зиёд дорам."

Сафири Русия афзуд, ки шоми имрӯз мулоқоти якбаяки Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва ҳамеша ин гуна мулоқотҳои ғайрирасмӣ барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба судманд хоҳанд буд. Ба таъкиди ҷаноби Попов, "дар ин мулоқот асосан иҷроиши созишномаҳое, ки дар сафари моҳи октябри соли гузаштаи Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ мешаванд ва мо танҳо натиҷаи мусбатро интизорем."

Сафири Русия дар Тоҷикистон муносиботи ҳар ду кишварро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, умед аст, ки ин муносибот ба дунболи дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин боз тақвият хоҳанд ёфт.

Юрий Попов ин сӯҳбатҳоро дар ҳошияи маросими тақдими медалҳои таърихии ҷанги соли 1812-и Русия бо Фаронса ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон баён кард. Ин дуввумин медале аст, ки аз номи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон тақдим мегардад. Қаблан чунин медал ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи апрели солӣ ҷорӣ тақдим шуда буд.
XS
SM
MD
LG