Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми сарбози амрикоӣ имрӯз содир мешавад


Қарор аст, имрӯз ҳукми Бредли Маннинг, як сарбози амрикоӣ содир шавад, ки ӯро ба нашри асноди сирии Иёлоти Муттаҳида аз тариқи торнамои Викиликс муттаҳам мекунанд. Муҳокимаи ӯ дар додгоҳи Форт Мид дар аёлати Мериленд сурат мегирад. Додситонҳо ин ҷавони 25 соларо бар асоси 20 банд, аз ҷумла, ҷосусӣ, кӯмак ба душманони Амрико муттаҳам мекунанд. Бредли Манинг ҳангоми хидмати сарбозӣ дар Ироқ садҳо ҳазор санади махфии ҷанг дар ин кишвар ва Афғонистонро дар ихтиёри торнамои Викиликс гузоштааст. Вакилони дифоъаш ҳафтаи гузашта бо ҳимоят аз ӯ гуфтанд, ки Бредли Манинг ҷавони хоме будааст, ки хостааст, ҷиноятҳои ҷангиро ошкор кунад. Аммо додситонҳо мегӯянд, ӯ як фарди шӯҳратталаби хоин аст.
XS
SM
MD
LG