Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти нерӯҳои хориҷӣ ба ноҳияи ноамни Афғонистон


Сарбозони Бритониё, ки масъулияти таъмини амнияти Ҳилмандро ба нерӯҳои Афғонистон дода буданд, дигарбора барои муддате ба кӯмаки онҳо шитофтаанд. Вазорати дифоъи Бритониё рӯзи якшанбе таъйид кард, ки 80 мушовири низомӣ ба ноҳияи Сангин дар вилояти ҷанубии Ҳилманд баргашта ва ду ҳазор сарбози афғон дар амалиёти поккории он маҳал аз шӯришиён кӯмак кардаанд. Ба гузориши рӯзномаи “Сандей Таймс”, Филип Ҳаммонд, вазири дифоъи Бритониё амри бозгашти сарбозон ба он минтақаро додааст. Бори аввал аст, ки баъди дар ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани масъулияти таъмини амният дар вилояти Ҳилманд, нерӯҳои ба раҳбарии НАТО ба кӯмаки онҳо мешитобанд. Нерӯҳои Бритониё дар берун аз вилояти Ҳилманд мустақаранд.
XS
SM
MD
LG