Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониҳои таркишҳо дар Парачанор афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни ду таркиш дар шимолу ғарби Покистон то 39 нафар афзоиш ёфт. Беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои расмӣ, таркишҳо рӯзи ҷумъа дар бозори шаҳри Парачанор, маркази вилояти Хуррам, рӯй доданд.

Масъулияти ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст. Хуррам дар марзи Афғонистон ҷойгир аст ва дар он ҷо мусаллаҳони “Ал-Қоида” фаъоланд.
XS
SM
MD
LG