Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалкарди ронандаи қатори Испания таҳқиқ мешавад


Пулиси Испания амалкарди ронандаи қатореро шурӯъ кардааст, ки рӯзи чаҳоршанбе аз роҳаш хориҷ шуд ва 80 нафарро кушта, бештар аз 140 тани дигарро захмӣ кард. Тайи чиҳил соли ахир, Испания шоҳиди чунин фалокат дар роҳҳои оҳанаш нашуда буд. Ширкати давлатии роҳи оҳани Испания гуфт, барои маълум кардани сабабҳои фалокат фурсат лозим аст, аммо бино ба гузоришҳо, қатор 190 километр дар як соат, ду баробар бештар аз суръати муқаррарӣ ҳаракат кардааст. Қатор ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Мадрид ба шаҳри Феррол дар шимолуғарби Испания, дар хамгаште аз роҳаш хориҷ шуда ва девор бархӯрдааст. Чиҳилу панҷ захмӣ ҳанӯз дар шифохона ҳастанд ва вазъи 36 нафари онҳо фавқуллода бад будааст. Ҳукумати Испания дар ин кишвар се рӯзи мотам эълом кард.
XS
SM
MD
LG