Расонаҳои Испания дар бораи ошкор шудани сабабҳои сонеҳаи қатори мусофирбар хабар доданд. Гуфта мешавад, қатори мусофирбар бар асари суръати баланд дар минтақаи хатарнок дар минтақаи Галисияи Испания аз масир берун шудааст. Инро рӯзи панҷшанбе мутахассисоне, ки дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд, низ тайид кардаанд. Бар асари ин сонеҳа дасти кам 78 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 140 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазъи 20 тан аз осебдидагон вахим аст. Дар ҳашт вагони қатор дар маҷмӯъ 247 мусофир, аз ҷумла, теъдоди зиёди кудакон нишаста буданд.
Қатор аз Мадрид сӯи шаҳри Феррул ҳаракат мекард ва шоми чаҳоршанбе дар наздикиҳои шаҳри Сантяго-де-Компостела, маркази маъмурии Галисия аз масир берун шуд.
Қатор аз Мадрид сӯи шаҳри Феррул ҳаракат мекард ва шоми чаҳоршанбе дар наздикиҳои шаҳри Сантяго-де-Компостела, маркази маъмурии Галисия аз масир берун шуд.