Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон интихобот як ҳафта зудтар баргузор мешавад


Додгоҳи Олии Покистон дастур додааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар як ҳафта пештар аз нақшаи пешбинишуда анҷом бигирад. Кумиссиюни интихоботӣ 6 августро рӯзи баргузории интихобот эълон карда буд. Вале рӯзи чаҳоршанбе ин интихобот ба 30 июл оварда шуд.

Ин тасмим як рӯз баъд аз он гирифта шуд, ки ҳизби ҳокими Муслим Лиги нахуствазир Навоз Шариф ба додгоҳ нома фиристод ва дархост кард, ки интихобот бо рӯзҳои ахири моҳи Рамазон ва наздик ба иди Рамазон дуруст меояд, ба ин сабаб интихобот зудтар баргузор шавад.

Маҷлисҳои милии аёлатҳо, Маҷлис ё порламони Покистон раиси ҷумҳурро интихоб мекунанд. Осиф Алӣ Зардорӣ барои даври дуввуми раёсати ҷумҳурӣ худро номзад пешниҳод намекунад, зеро ҳизби вай дар порламон ақалиятро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки Мамнун Ҳусайн-номзади ҳизби Навоз Шариф дар ин интихобот пируз шавад.
XS
SM
MD
LG