Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишони СММ ба Сурия мераванд


Як мақоми баландпояи Созмони Милал мегӯяд, ба ин созмон доир ба 13 мавриди истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия хабар додаанд. Роберт Серри, фиристодаи хоси ҷараёни сулҳи Ховари Миёна, рӯзи сешанбе ба Шӯрои Амният гуфт, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, аз гузоришҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ дар муноқишаи Сурия амиқан нигарон аст. Айни замон ду муфаттиши баландпояи созмон барои баррасии таҳқиқи иддаоҳо дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ ба Сурия сафар мекунанд. Аке Селстром, раиси гурӯҳи таҳқиқоти аслиҳаи кимиёвӣ ва Анҷела Кейне, мудири Дафтари Халъи Силоҳ дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе аз Бейрут ба Димишқ сафар хоҳанд кард. Қарор аст дар мулоқот бо мақомоти Сурия онҳо масъалаи дастрасӣ ба маҳаллаҳое баррасӣ кунанд, ки гӯиё онҷо аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдаанд. Димишқ гуфтааст, муфаттишон бояд танҳо шаҳри Хон ал-Асалро бубинанд, ки гуфта мешавад, шӯришиён моҳи март дар он шаҳр аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG