Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Қирғизистон як сарҳадбони ӯзбак кушта шуд


Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз як тирандозӣ дар марз бо Ӯзбакистон хабар дод, ки бар асари он як марзбони ӯзбак кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ин ҳодиса соати 10-у 23 дақиқаи рӯзи сешанбе, 23 июл, дар ноҳияи Аксии вилояти Ҷалолобод рӯй дод. Марзбонҳои қирғиз ду сарҳадбони ӯзбакро дар қаламрави Қирғизистон ошкор карда, вз онҳо хостори тарки мавзеъ шуданд. Ин ҳушдор ба таниши лафзӣ ва баъдан ба тирандозӣ печид. Ба иттилои расмии Бишкек, бархӯрд баъди он шурӯъ шуд, ки марзбонҳои ӯзбак сӯи сарҳадбонҳои қирғиз оташ кушоданд.

Сабабҳои рӯй додани ҳодисаро гурӯҳи афсарони Раёсати минтақаии марзӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод тафтиш мекунад.
XS
SM
MD
LG