Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохаи Ҳизбуллоҳро созмони террористӣ хонданд


Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба созиш расидаанд, ки шохаи низомии гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кунанд. Қарори мазкур рӯзи душанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии 28 кишвари узви иттиҳодия дар шаҳри Брюссел қабул шуд. Бар тибқи ин санад, афроде, ки бо Ҳизбуллоҳ иртибот доранд, аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум мешаванд ва ҳисобҳои созмонҳои марбут бо он низ масдуд хоҳад шуд. Ҳизбуллоҳ, ки бо Эрон иртиботи наздик дорад, аз ҷумла ба бомбгузории маргбор дар Булғористон муттаҳам мешавад, ки соли гузашта ба вуқӯъ пайваст ва 5 сайёҳи исроилиро кушт. Ҳамчунин Ҳизбуллоҳ чанде пеш ба ҳукумати Сурия дар ҷанг алайҳи шӯришиён кӯмак кард. Пештар баъзе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, мухолифи ворид кардани шохаи низомии Ҳизбуллоҳ ба феҳрасти созмонҳои террористӣ буданд, зеро ба гуфтаи онҳо чунин кор, боиси ноамнӣ дар Лубнон шуда ва танишҳо дар Ховари Миёнаро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG