Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути Costa Concordia панҷ нафар айбдор шуданд


Мурофиаи Скеттино моҳи сентябр аз сар гирифта мешавад
Мурофиаи Скеттино моҳи сентябр аз сар гирифта мешавад
Додгоҳи Италия рӯзи шанбе аз рӯи парвандаи суқути киштии Costa Concordia панҷ нафарро дар куштор бар асари беэҳтиётӣ айбдор кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, додгоҳ ҳамоҳангсози вазъи изтирории ширкати соҳиби киштӣ - Costa Crociere, соҳиби меҳмонсарои киштӣ, ёвари нохудо ё капитан ва ду тан аз сарнишининҳоро дар ин фоҷиа айбдор хонд ва онҳоро ба мӯҳлати аз якуним то ду солу нӯҳ моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Мурофиаи додгоҳии нохудои киштӣ Франческо Сккетино рӯзи 23 сентябр аз сар гирифта мешавад. Ӯ дар марги одамон ва ҳамчунин қабл аз наҷоти мусофирон тарк намудани киштӣ айбдор мешавад.

Costa Concordia бо 4200 мусофир моҳи январи соли 2012 дар соҳилҳои ҷазираи Ҷилиё ба гил нишаст ва ғарқ шуд. 32 тан аз мусофирони киштӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG