Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай қонуни баргузории интихоботро пазируфт


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зери қонун дар бораи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар соли 2014 имзо гузошт. Ин санад қаблан аз сӯи парлумони кишвар қабул шуда буд. Ҳафтаи гузашта Карзай қонун дар бораи фаъолият ва ҳайати комиссиюн оид ба қонуншиканиҳо дар интихоботро ҳам пазируфт.

Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии Афғонистон 5 апрел баргузор шавад.

Рӯзи ҷумъа бар асари чаҳор таркиш дар вилояти Ҳилманд 15 нафар, аз ҷумла, панҷ корманди хадамоти амниятӣ ва се полис ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG