Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил барои раҳоии гурӯҳи маҳбусони фаластинӣ розӣ шуд


Исроил барои раҳо кардани як гурӯҳ зиндониёни фаластинӣ ба хотири мусоидат ба эҳё музкироти сулҳ бо Фаластин розӣ шуд. Дар ин бора Ювайл Штайнитс, вазири равобити байнулмилалӣ, масоили стратегӣ ва кашфи Исроил хабар дод. Ӯ дар бораи он ки чӣ теъдод маҳбусон ва кай маҳбасро тарк мекунанд, иттилоъ надод ва аммо гуфт, миёнашон онҳое ҳастанд, ки даҳҳо сол боз дар зиндонанд.

Ба иттилои созмони ҳуқуқи башари исроилии “Бетслем”, айни ҳол дар маҳбасҳои Исроил беш аз 4700 маҳбуси фаластинӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Ахиран Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо дар мавриди шартҳои эҳёи музокироти сулҳ созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ дар Вошингтон мулоқоти ҳайатҳои музокиракунандаи Фаластин ва Исроил доир мешавад.
XS
SM
MD
LG