Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек 9 нафар узви як гурӯҳ маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи Бишкек 9 нафарро ба иттиҳоми узвият дар як гурӯҳи террористӣ маҳкум ба зиндон кард. Рӯзи ҷумъа додгоҳ се нафарро ба барои узвият дар Ҷайши Маҳдӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин гурӯҳ барои созмон додани бамгузориҳо ва талоши бамгузориҳо дар охири соли 2010 ва аввалҳои соли 2011 гунаҳгор дониста мешавад.

4 нафари дигар 23 сол ва 2 нафар 22 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ба 9 нафари дигар дастур дода шуд, ки барои зарари таркишҳо дар муҷтамаъҳои варзишӣ ба дафтари шаҳрдории Бишкек ҷарима пардохт кунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки фаъолияти Ҷайши Маҳдӣ дар Қирғизистон баъд аз тирандозиҳо бо нируҳои амниятӣ дар моҳи январи соли 2011 ва куштори раҳбарашон ба поён расидааст. Даҳҳо нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG