Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Мурсӣ қасди тазоҳурот доранд


Тарафдорони Ихвон-ул-муслимин дар Миср қасд доранд, имрӯз бо талаби баргардонидани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ба қудрат дар шаҳри Қоҳира ва дигар гӯшаҳои Миср тазоҳурот кунанд. Пештар аз ин Адлӣ Мансур, раҳбари муваққатии Миср гуфт, кишвараш як “марҳилаи ҳассосеро” пушти сар мекунад ва баъзеҳо мехоҳанд, Мисрро ба “ҳарҷу марҷ” бикашанд. Адлӣ Мансур, ки рӯзи чаҳоруми июл раҳбари Миср таъйин шуд, гуфт, ҳукуматаш суботу амният дар Мисрро барқарор карда ва намегузорад, ки онро “битарсонанд ва ё терор” кунанд. Муҳаммад Мурсӣ, нахустин раиси ҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшудаи Мисрро, ду ҳафта пеш баъд аз тазоҳуроти азими зиддидавлатӣ, артиши Миср аз мақомаш барканор кард.
XS
SM
MD
LG