Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Киров бар зидди ҳукми зиндони Навалний эътироз кард


Навалнийро аз толори додгоҳ мебаранд
Навалнийро аз толори додгоҳ мебаранд
Додситонии Кирови Русия бар зидди ҳукми зиндони Алексей Навалний-яке аз раҳбарони мухолифони давлати Русия ва Петр Офицеров эътироз кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи панҷшанбе содир шуд ва додситонӣ мегӯяд, то эътибор пайдо кардани ҳукми додгоҳ бояд ин ду нафар аз зиндон раҳо шаванд.

Додситонии кулли Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки дар чунин ҳолат Навалний бояд забонхат диҳад, ки ба ҷое намеравад. Ин эътиози додситонӣ рӯзи ҷумъа соати 10 вақти маҳаллӣ дар додгоҳи Киров баррасӣ мешавад. Навалний барои дуздии моликияти ширкати "Кировлес" ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Баъд аз эълони ин ҳукм дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскаву Санкт Петербург бар зидди ҳукми додгоҳ ва ба ҷонибдорӣ аз Алексей Навалний тазоҳуроти эътрозӣ баргузор шуд. Бино ба хабарҳое, ки дар Твиттер чоп шудааст, дар Манежная Плошади Маскав ҳазорон нафар ба тазоҳурот баромаданд ва пулис ин майдонро муҳосира кард. Бар асоси хабарҳои муқаддамотӣ дар ин майдон пулис ҳудуди 30 нафарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG