Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 8 афғонро барои кор дар пойгоҳи амрикоӣ куштанд


Мусаллаҳони “Толибон” ҳашт афғонро барои кор дар пойгоҳи низомии амрикоии воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон ҳадафи тир қарор доданд.

Рӯзи панҷшанбе Раис Хон Содиқ, муовини раиси полиси вилояти Лугар, гуфт, ҷангҷӯён як мошин бо коргарони пойгоҳро дар ҳоле боздоштанд, ки сӯи волусволии Хева ҳаракат мекард. Ӯ афзуд, ки онҳо коргаронро ба деҳаи наздиктар бурда, ба сари ҳар кадомашон тир андохтанд. Қурбониёни куштор наврасон ва мардҳои аз 15 то 25-сола буданд ва дар деҳаи ҳамсоя мезистанд.

Дар Афғонистон моҳи шарифи Рамазон аст, аммо толибон эълом доштаанд, ки аз ҳамлаҳои худ даст намебардоранд. Ҷангҷӯён бештар афғонҳоеро мавриди ҳамла қарор медиҳанд, ки дар пойгоҳҳои низомии Амрико ва НАТО кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG