Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Бейнер даъвати таҳрими Олимпиадаи Сочиро рад кард


Ҷон Бейнер
Ҷон Бейнер
Раиси Маҷлиси намояндагони ИМА Ҷон Бейнер рӯзи чаҳоршанбе даъвати узви Сенат аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Линдсӣ Грэм барои таҳрими Боизҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочии Русияро қатъӣ рад кард. Грэм пешниҳод карда буд, ки агар Русия ба корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден паноҳгоҳ диҳад, Амрико бояд мавзӯи таҳрими Олимпиадаи Сочиро матраҳ намояд. Сноуден, ки дар ватанаш дар фошсозии иттилои маҳрамона айбдор мешавад, ҳоло дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи Шереметиево қарор дорад ва интизори посухи мақомоти Русия ба дархосташ барои дарёфти мақоми паноҳандагии муваққат аст.

Ба гуфтаи Ҷон Бейнер, таҳрими Бозиҳои олимпии зимистона фақат ба зарари варзишгарони амрикоист, ки ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд. Аз ин пеш даъвати Линдсӣ Грэмро Кумитаи миллии олимпии Амрико ҳам рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, Кохи Сафед аз шарҳи ин қазия сарпечӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG