Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук: "Мушкили воридкунандагони мошин ҳал шуд"


Мақомоти Хадамоти гумрук мегӯяд, ки мушкили воридкунандагони мошин дар вилояти Суғд рафъ гардидааст. Неъмат Раҳматов, муовини аввали Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 17-уми июл дар як нишасти хабарӣ мушкили воридкунандагони мошин тавассути соҳибкорони суғдиро ба масоили декларатсиякунонӣ марбут донист ва гуфт, нофаҳмиҳо дар ин заминаи бо соҳибкорон рафъ гардид".

Ба таъкиди ҷаноби Раҳматов, воридкунандагони мошин ҳангоми ворид кардани он дар марз арзиши аслии онро нишон намедоданд ва гумрукчиён ҳақ доштанд, ки худашон муайян кунанд ва ин ба нофаҳмӣ овардааст. Дар ҳамин ҳол ба иттилои Хадамоти гумрук пас аз ворид шудани тағйирот дар боҷи содиротӣ, воридоти мошин ба кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 29 600 адад мошин ворид шудааст, ки ин рақам соли гузашта 21 ҳазору 800 адад буд. Ҳамчунин дар ин муддат намояндагиҳои ширкатҳои Тайота ва Хундай дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG