Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис бо Вануату муносиботи дипломатӣ барқарор кард


Вануату
Вануату
Гурҷистон бо давлати ҷазираӣ дар Уқёнуси Ором Вануату мунособоти дипломатӣ барқарор кард. Баъд аз он, ки намояндагони ҳар ду кишвар дар СММ дар ин бора мувофиқатнома ба имзо расонданд, вазорати корҳои хориҷаи Гурҷистон дар ин бора эъломия пахш кард.

Дар мувофиқатнома омадааст, Вануату марзҳои Гурҷистонро, ки “дар арсаи байналмиллалӣ” эътироф шудааст, ба расмият мешиносад. Ба ин марзҳо Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон низ дохил мешавад.

Моҳи маи соли 2011 мақомоти Абхозистон эълон кардаанд, ки Вануату истиқлоли Абхозистонро амалан эътироф кардааст. Вале баъд аз чанд ҳафта ҳукумати нав эълон кард, ки ин тасмимро иштибоҳ медонад.

Абхозистон ва Асетия Ҷанубӣ соли 2008 баъд аз ҷанги мухтасари Русия ва Гурҷистон худро мустақил эълон карданд ва Русия ин истиқлолро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG