Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигоре гуфтааст, Сновден маълумоти қаввӣ дар ихтиёр дорад


 Глен Гринволд-корманди рӯзномаи “Guardian”-чопи Британия
Глен Гринволд-корманди рӯзномаи “Guardian”-чопи Британия
Эдвард Сновден-корманди пешини Ожонси амнияти миллии Амрико маълумоте дар ихтиёр дорад, ки дар сурати чопи он “хоби Амрико нороҳаткунанда” мешавад. Дар ин бора Глен Гринволд-корманди рӯзномаи “Guardian”-чопи Британиябаъд аз мусоҳиба бо Сновден изҳор доштааст. Вай нахустин рӯзноманигорест, ки маълумотҳои Сновденро ба нашр мерасонад.

Гринволд ин суханонро дар мусоҳиба бо рӯзномаи “La Nacion”-чопи Аргентина изҳор доштааст. Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст: “Сновден маълумоти кофӣ дар ихтиёр дорад ва дар зарфи як дақиқа он қадр метавонад ба Амрико зарар расонад, ки касе ҳеҷ гоҳ натавонистааст”.

Гринволд афзудааст, Сновден тасмим гирифтааст, ки баъзе маълумотҳоро ифшо насозад, маълумотеро, ки ба Вашингтон зарар мерасонад.
XS
SM
MD
LG