Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал ҳукми Магнитскийро "бемаънӣ" хонд


Вилям Браудер
Вилям Браудер
Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал ҳукми додгоҳи Русия, ки ҳуқуқшиноси шодравон Сергей Магнитскийро айбдор кардааст, музахраф номид. Раҳбари намояндагии ин созмон дар Маскав гуфт, ки ин ҳукм баёнгари мушкили амиқ дар бахши адолати додгоҳӣ дар Русия аст.

Рӯзи панҷшанбе, 11 июл, додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав дар робита ба парвандаи Сергей Магнитскийро аз рӯи напардохтани андоз аз сӯи Hermitage Capital ҳукми худро эълон кард. Раиси ин бунёд Вилям Браудер дар ғайбаш ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Парванда дар баробари Магнитский бино ба даргузашташ қатъ карда шуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки бар асари қаллобии бунёди Hermitage Capital ба Русия ба маблағи 522 миллион рубл хисорот ворид шудааст.

Сергей Магнитский моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳ аз олам даргузашт. Бар пояи фарзияи Браудер, ҳуқуқшиноси Hermitage қурбони гурӯҳи ҷиноие шудааст, ба он мансабдорони воломақоми ҳукумати Русия шомиланд. Натиҷаҳои тафтиши марги Сергей Магнитский аз сӯи Бунёди Нermitage Capital-ро кишварҳои ғарбӣ пазируфтаанд. ИМА “Рӯйхати Магнитский”-ро таҳия кардааст, ки ба он ному насаби ҳама афроди муттаҳам дар марги ҳуқуқшиноси Hermitage Capital шомил шудааст. Ин афрод мавриди таҳрими Вошингтон қарор гирифтаанд.

Додситонии куллии Русия хабар дод, ки Бритониё аз интиқоли раҳбари бунёди Hermitage Capital Вилям Браудер ба Маскав сарпечӣ кардаст.
XS
SM
MD
LG