Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфу мусодираи беш аз 40 тонна намаки бейод


Идораи "Тоҷикстандарт"дар минтақи Кӯлоб беш аз 40 тонна намаки бейодро кашфу мусодира кардааст. Ҳикматулло Сафаров, раиси идораи "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин намаки бейод дар пайи як бозрасӣ аз се корхонаи коркарди намак дар минтақа кашфу мусодира шудааст. Ин аст, ки ҷаноби Сафаров мегӯяд, имкон дорад, мавориди интиқоли намаки бейод аз минтақа ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва хориҷи кишвар вуҷуд дошта бошад. Ба ин далел вай гуфт, ки ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат карда ва хостори фаъолияти кормандони "Тоҷиксатнадарт" дар посгоҳҳои пулис дар самти Кулоб-Душанбе, аз ҷумла дар постгоҳи Олимтойи ноҳияи Данғара шудааст . Зимнан, дар назди Кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин, се корхонаи тавлиди коркарди намак фаъол аст. Аммо тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар худи минтақаи Кӯлоб беш аз 80 ҳазор нафар гирифтори бемории варами ғадудҳои сипаршакл ё ҷоғар ҳастанд, ки сабаби асосии густариши ин беморӣ истифода аз намаки бейод аст.
XS
SM
MD
LG