Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия далелҳои истифода аз гази сарин дар Сурияро ба СММ пешниҳод кард


Виталий Чуркин
Виталий Чуркин
Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ далелҳоро дар бораи ин ки шӯришиёни Сурия аз гази “сарин” истифода кардаанд, пешниҳод намуд. Чуркин гуфт, ки рӯзи сешанбе ба коршиносони рус иҷоза додаанд, ки ба Хон Ассал дар наздикии Ҳалаб ворид шаванд ва нишонаҳои дасти аввалро гирдоварӣ кунанд.

Чуркин ба рӯзноманигорон гуфт, ки кумиссиюни Русия “собит” сохтааст, ки шӯришиён 19 март дар Хон Ассал мушаки Башор 3-ро истифода кардаанд, ки дар натиҷа 26 нафар, аз ҷумла 16 сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд.

Чуркин гуфт, ки ин гузориши 86 сафҳаиро дар ин бора ба СММ супурдааст. Аммо ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки шӯришиёни Сурия аз гази кимёвӣ истифода карда бошанд.
XS
SM
MD
LG